12:29:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

КУМИТАИ ДИН МАСҶИДИ "МУҲАММАДИЯ"-РО БА ДОДГОҲ КАШИД

Кумитаи дин аз мавориди фаровони нақзи қавонин дар масҷиди «Муҳаммадия» ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурдааст.

/images/stories/2012/03/30_masjidi-muhammadiya_30312.jpgМавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки аризаи шикоятӣ ба унвони додгоҳ рӯзи 27-уми март фиристода шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки сарнавишти масҷиди мазкур баъди муҳокимаи додгоҳӣ рӯшан хоҳад шуд ва додгоҳ муайян хоҳад кард, ки он дар чӣ мақом:- масҷиди панҷвақта ва ё ҷомеъ фаъолият хоҳад кард ва ё умуман минбаъд баргузории намоз дар он ҷоиз ҳаст ё хайр.

Дар авохири соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон   баргузории намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ манъ карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки  танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад.

Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате боқӣ намондааст. Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ин ноҳия чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол шудааст ва  намозгузорон метавонанд дар он масоҷид ба ибодат машғул шаванд.

Ва аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари ҳайати муассисони «Муҳаммадия» гуфт дар ҳоли ҳозир аз шикояти Кумитаи дин ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат огоҳӣ надорад.
«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.04.2012 10:28
ин кумитаи дин не кумитаи зидди дин буда аст
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi