02:40:08 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СОЛЕҲӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД. БАҲСИ ҲАМКОРИИ ҲАМЗАБОНОН

Бино ба хабари расонаҳо, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

solehiБаъзе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, Алӣ Акбар Солеҳӣ - вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 7-уми март бо як сафари расмӣ вориди Душанбе хоҳад шуд. Ин хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумат мегӯянд, ҷаноби Солеҳӣ тӯли се рӯз дар Тоҷикистон монда, бо мақомҳои тоҷик, дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Аз ҷумла, дидору гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар будааст.

Ба иттилои манбаъҳо, дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон, ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2", анҷоми сохтмони нақби "Истиқлол" ва бунёди нерӯгоҳи "Айнӣ" дар рӯди Зарафшон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Эрон дар баробари Чину Русия яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Душанбе низ дар пайи сардии равобиташ бо Маскав дар як соли ахир рӯ ба ҷониби Теҳрон овардааст. Соли гузашта, ҳангоми таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз сад сарбозу афсари артиши Эрон дар паради низомӣ иштирок карда буданд. Он рӯзҳо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев аз иштироки низомиёни Эрон дар ҷашни истиқлоли кишвар истиқбол карда, бидуни пардапӯшӣ гуфта буд, ки "агар лозим шавад, дар тӯли ду соат артиши Эрон ба Тоҷикистон хоҳад расид."

Тоҷикистон бошад, дар мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон, ки муддати чанд соли ахир мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, мавқеи ҷонибдориро касб кардааст. Зеро масъулони давлати Тоҷикистон мӯътақиданд, ки Эрон ин масъаларо ба ҳадафи осоишта рӯи даст гирифтааст.

Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар кишвар бештар аз 150 ширкати эронӣ фаъолият доранд. Ин аст, ки дар нӯҳ моҳи соли гузашта мизони табодули мол байни Тоҷикистон ва Эрон аз марзи 180 миллион доллар убур кардааст.

Қарор аст, Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ, ки рӯзҳои башуморе боқӣ мондааст, ба Тоҷикистон ояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi