20:20:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОБАМА ГУФТ, ДАР МАСЪАЛАИ ЭРОН "ШӮХӢ" НАМЕКУНАД

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, даъвати ӯ ба пешгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон шӯхӣ нест. Вай афзуд, дипломатия ва таҳримҳо бояд ба Эрон шанс диҳанд, ки аз барномаи таслиҳотии хеш даст кашад. Дар акси ҳол ҳамаи гузинаҳо зери дасти ӯянд, аз ҷумлаи гузинаи ҳарбӣ.

barak obamaАммо, Обама, ҳамчунин гуфт, зарбаи пешгирикунандаи Исроил метавонад, пайомадҳои ғайриинтизор дошта бошад, аз ҷумла Эронро як қурбонӣ вонамуд кунад. Бино ба гузориши "Ройтерз", ин мавзеъгирии раисиҷумҳури Амрикоро метавон "натиҷаи пофишории Исроил" донист.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта рӯзномаи "Guardian", чопи Лондон, дар гузорише ба нақл аз чанд манбаи дипломатӣ гуфт, "Исроил талош мекунад, Барак Обамаро таҳти фишор бигузорад, ки бо гирифтани мавқеи сахттар Эронро ба ҳамалаи низомӣ таҳдид кунад."

Ба гуфтаи ин манбаъҳо, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил хоҳони он аст, ки Амрико дар сурати нокомии таҳримҳо ва пешрафти барномаи атомии Эрон, ҷумҳурии исломиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид намояд.

Дар сафараш ба Канада, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш ҳақ дорад барои дифои худ аз Эрон, ки хостори нобудии Исроил аст, ба ҳар амале даст занад. Рӯзномаи "Guardian" мегӯяд, ин мавзӯе аст, ки ҷаноби Нетаняҳу қарор аст, рӯзи душанбе (5-уми март) дар дидори худ бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар миён бигузорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi