11:28:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАҲОР КОРМАНДИ ДАВЛАТИИ АФҒОНИСТОН БА ИТТИҲОМИ ҶОСУСӢ БОЗДОШТ ШУДАНД

Идораи амнияти миллии Афғонистон чаҳор шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои созмонҳои истихборотии кишварҳои минтақа боздошт кардааст.

lutfullah_mashalЛутфуллоҳи Машъал, сухангӯйи Амнияти миллии Афғонистон, гуфт, афроди боздоштшуда кормандони пойинрутбаи давлатӣ дар маркази ва вилоёт (устонҳо) ҳастанд ва яке аз онҳо аз кормандони пойирутбаи Вазорати умури хориҷа аст.

Оқои Машъал ҳамчунин гуфт, ки афроди боздоштшуда "аснод ва асрори маҳрами давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар ихтиёри ҳалақоти истихборотии кишварҳои минтақа қарор додааст."

Ӯ афзуд, шавоҳид ва асноди кофӣ алайҳи муттаҳамон дар ихтиёри амнияти миллии Афғонистон қарор дорад, аммо аз он ҷое, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқ дар мавриди парвандаи муттаҳамон дар ҷараён аст, наметавонад ин аснод ва шавоҳидро дар ихтиёри расонаҳо қарор диҳад.

Ин нахустин боре аст, ки иддае аз кормандони давлатӣ ба иттиҳоми "ҷосусӣ барои истихбороти минтақа" боздошт мешаванд. Мақомҳои давлатии Афғонистон борҳо аз дахолати кишварҳои ҳамсоя дар умури доихилии кившари худ шикоят кардаанд, вале ҳадафи онҳо бештар шикоят аз нуфузи сиёсии бархе аз кишварҳо дар миёни сиёсатмадорон ва ақшори мухталифи ҷомеъаи Афғонистон будааст.

Дар моҳи жуани 2008 як шаҳрванди эронӣ дар Ҳирот, дар ғарби Афғонистон, ба ҷосусӣ барои кишвари матбӯъи худ муттаҳам шуд, аммо пеш аз ин собиқа надоштааст, ки як шаҳрванди афғон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои кишвари дигаре боздошт шавад. Ин афрод дар ҳоле боздошт мешаванд, ки Афғонистон дар асари тазоҳуроти хушунатомези як ҳафтаи гузашта ноором буда ва ҳанӯз вазъият комилан ба ҳолати одӣ бознагаштааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi