08:16:52 01-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛАИ ҲАВОИИ НОТУ 90 КУШТА ГУЗОШT

Бино ба гузориши мақомоти маҳаллӣ инфиҷори азиме дар шимоли Афғонистон ҷони ҳудуди 90 нафарро рабуд.

Ин инфиҷор дар пайи ҳамлаи ҳавоии НОТУ ба мошини дуздидашудаи маводди сӯхт дар шимоли Афғронистон рух додааст. НОТУ ба Би-би-сӣ таъйид кардааст, ки ин инфиҷор дар шаҳри Кундуз, дар васати роҳи мунтаҳӣ ба Бағлон рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти Кундуз, ин утумубил ҳомили маводди сӯхти ҳавопаймоӣ будааст. Башарёр Парвонӣ, пулиси маҳаллӣ, ба хабаргузории AFP (Эй-эф-пӣ) гуфтааст, ки шӯришиёни Толибон мехостанд бо мошини ҳомили маводди сӯхт, ки аз роҳ дуздида буданд, фирор кунанд.

Оқои Парвонӣ гуфт: "Мошини ҳомили маводди сӯхт дар рӯдхона гир карда буд ва дар маҳалли ҳодиса афроди ғайринизомӣ низ будаанд." Ба гузориши AFP, афроди зиёде бо ҷароҳоти сӯхташудагӣ ба бемористони Кундуз мунтақил шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ