08:44:21 02-уми Июли 2025 сол

ТАЪМИНОТИ АҲОЛИИ КӮЛОБШАҲР БО ОБИ НӮШОКӢ ИДОМА ДОРАД

Тӯли соли гузашта барои таъмини муносиби аҳолии Кӯлобшаҳр бо оби нӯшокӣ се лоиҳаи инвестсионии муштараки Тоҷикистон бо Бонки рушди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи 22 миллион сомонӣ раҳандозӣ шуд. Аз ин миқдор 5 миллиону 700 000 сомониаш ҳаққи Тоҷикистон аст.

kulyab_vodaАлихон Алиев директории корхонаи фаръии обу ташноби шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Ба ҷуз маблағҳои инвестсионӣ барои беҳтар гардонидани шароити таъмини аҳолии Кӯлобшаҳр бо оби ошомиданӣ аз ҳисоби маблағҳои дохили корхона боз 3 миллион сомонии дигар баҳри обёрӣ кардани маҳаллаҳои навсохт истифода шудааст. Ин маблағ дар якҷоягӣ бо маблағҳои ҷудонамудаи ҳукумати ҷумҳурӣ барои муваққатан бо оби нӯшокӣ таъмин кардани ин 6 маҳалла истифода шудааст».

Гуфта мешавад, соли 2008 Бонки умумиҷаҳонӣ барои обёрӣ кардани Кӯлобшаҳр беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намуда буд. Директории корхона мегӯяд ҳамакнун 500 000 долари ин маблағ барои гузаронидани қубури марказӣ аз мавзеъи истихроҷи об бо номи Ҷангалбошӣ то обанбори маҳаллаи Фирдавсӣ ба масофаи 4 километр гузаронида шудааст.

Ва аммо мушкили асосии обёрӣ кардани шаҳр дар пардохти ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ мебошад. Алҳол қарзи аҳолӣ дар якҷоягӣ бо муассисоти дигар аз об беш аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки корхона соли гузашта ҳудуди 2 миллион сомонӣ қарзи дигарро аз пардохтҳои давлатӣ кам кардааст.

Бо ин ҳама, беҳбудӣ дар таъминоти аҳолии дусадҳазорнафараи шаҳри Кӯлоб сол аз сол ҳис карда мешавад.

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ