13:21:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗ 7 УЗВИ "ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ" РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 нафарро барои узвият дар "Ҷамоати таблиғ" аз 3 то 5 соли зиндон маҳкум кард. Аз ин гурӯҳ Абдуҷалол Валиев ва Тоҳир Зоиров панҷ сол ва афроди боқимонда сесолии умри худро дар пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард.

pushti-panjaraДодгоҳ ин ҳафт сокини аз 27 то 46-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои "ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ" муҷрим шинохтааст. Аммо яке аз наздикони афроди маҳкумшуда гуфт, онҳо ин ҳукмро "ноҳақ" шуморида, ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Ҳафт сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳоле ба узвият дар "Ҷамоати таблиғ" айбдор шуда, равонаи зиндон гардиданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҷамоатро ҳанӯз дар соли 2006 мамнӯъ эълон карда буд. Додгоҳи олии кишвар "Ҷамоати таблиғ"-ро як созмони ғайриқонунӣ ва ифротгаро донистааст.

Нахустин аъзои "Ҷамоати таблиғ" дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи авусти соли 2009 ба зиндон фиристода шуданд. Ин ҳукми додгоҳ ҳарчанд норозигии пайвандони онҳоро ба вуҷуд овард, аммо натавонист ҳукми додгоҳро тағйир бидиҳад.

Пас аз он дар қисмати ҷануби Тоҷикистон низ аъзои зиёди ин гурӯҳи динӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд. Аммо дар минтақаи шимоли кишвар барои аввалин бор аст, ки аъзои ин ҷамоат ба зиндон маҳкум мешаванд.

Бар асоси иттилои Идораи корҳои дохилии Суғд, кормандони интизомӣ дар соли 2011 даҳ узви "Ҷамоати таблиғ"-ро боздошт кардаанд, ки 2 нафар аз шаҳри Чкалов ва 1 тан аз Исфара буда, боқимондаҳо аз Бобоҷон Ғафурованд, ки ҳамакнун ҳукмашон содир шудааст.

Бар хилофи даъвои мақомоти Тоҷикистон пайравони "Ҷамоати таблиғ" ин созмонро ифротгаро ва ғайриқонунӣ намедонанд. Балки онҳо мегӯянд, ин ҷамоат танҳо ба таблиғи дини Ислом машғул буда, ҳеҷ коре бо сиёсат ва умури давлатӣ надошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi