14:05:06 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗАНЕ ДАР ДУШАНБЕ АЗ СОХТМОНИ 16-ТАБАҚАӢ УФТОД ВА ЗИНДА МОНД

Вазорати умури дохила (кишвар) хабар додааст, ки як сокини 42-солаи шаҳри Душанбе аз болои боми сохтмони 16-табақаи ба замин уфтода ва зинда мондааст. Бино ба иттилоъи ин вазорат ин хонум, ки дар яке аз бемористонҳои равонии шаҳр сабти ном шудааст, мехостааст худкушӣ кунад.

Бино ба иттилоъи пизишкон вазъи саломати ин хонум пас аз уфтодан аз баландии сохтмони 16-табақаӣ маргбор нест ва ҳатто осебҳое, ки дидааст хеле ҷиддӣ нестанд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба пизишкон гузориш додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса, ду пой ва ду дандаи (қабурға) ин хонум, ки номаш ифшо намешавад, шикастааст.

Ӯ ҳоло дар утоқи маъмулии яке аз бемористонҳои шаҳр бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки пас аз табобати осебҳои ҷисмӣ дар асари уфтодан аз боми сохтмони 16-табақаӣ ин зан ба бемористони равонӣ барои дармон мунтақил хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi