12:57:34 02-уми Июни 2025 сол

ҚОСИМШО ИСКАНДАРОВ РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Рӯзи 30 январи соли 2012 дар Институти шарқшиносӣ, мероси хаттӣ, забон ва адабиёти Академияи Илмҳои ҶТ ҷаласаи ҳисоботии раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

Косимшо ИскандаровМуовини раиси раёсати ин Ҷамъият Шодибек Сӯфиев, мудири бахши афғонистонии Институти мазкур дар суханронии худ аз кори яксолаи ин ниҳоди ҷамъиятӣ ҳисобот дод. Дар ҷаласа фаъолияти Ҷамъият дар соли 2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сипас аъзои нави раёсат ва раҳбарияти он интихоб гардиданд. Қосимшо Искандаров, афғонистоншиноси маъруфи кишвар, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон интихоб гардид.

Дар ҷаласа лоиҳаи нақшаи корӣ барои соли 2012 мавриди баҳсу мунозираи аъзои тозаинтихоби раёсат қарор гирифт ва ба тасвиб расид.

Дар нақша омадааст, ки дар тӯли соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба хотири  таҳкими равобити миёни  мардуми ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ба ҳаёт татбиқ мешаванд.

Азҷумла Ҷамъият тасмим дорад як конференсияи илмӣ дар масъалаи оқибатҳои хуруҷи нирӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ аз Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ба муносибати зодрӯзи бархе аз  шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунари мусиқӣ мизи мудаввар, семинар ва нишасту маҳфилҳо доир намояд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854