03:47:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РОҲИ ДУШАНБЕ –КӮЛОБ ҲАФТ КИЛОМЕТР КӮТАҲ ШУД

Рӯзи 30-уми август маросими расмии ифтитоҳи нақби Шар-Шар, дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин маросим раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард ва гуфт, ағбаи Шар-Шар даҳсолаҳо барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекард. 

Президенти Тоҷикистон гуфт, ин нақб дар таъмини робитаҳои доимии нақлиётӣ миёни манотиқи кишвар ва ҳамчунин дар эҳёи Роҳи бузурги Абрешим аҳаммияти калон дорад ва иншооти стратегӣ мебошад. Сохтмони ин нақб бо тӯли 2224 метр, роҳи даромаду баромади 5 километр ва пуле бо дарозии 180 метр, тирамоҳи соли 2006 оғоз шуда буд ва барои сохтмони он ҳукумати Чин 38 миллион доллар қарзи дарозмуддат ихтисос дода буд.

Нақби Шар-Шар дар баробари шоҳроҳи Душанбе-Чанак, нақби Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол аз намунаи сармоягузориҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Президент Раҳмон гуфт, Тоҷикистон аз соли нахусти истиқлол дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи Чинро эҳсос мекунад.

Нақби Шар-Шар роҳ аз Душанбе ба Кӯлобро 7 километр камтар ва 40 дақиқа кӯтоҳтар мекунад. Дар суханронии президент Раҳмон, ки дар торнамои расмияш нашр шудааст, омадааст, аз соли 2000-ум то имрӯз дар кишвар бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои таъйиноти гуногун таъмиру таҷдид гардида ё роҳҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.

 Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ҳукумат ҳадаф дорад, то бо ҷалби зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ азнавсозии 400 километр роҳҳои мамлакат ва сохтмони оғозгардидаи пулу нақбҳои оғозкардаро пурра анҷом дода, кишварро то ҷашни 20-солагии истиқлол аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi