15:00:37 01-уми Июли 2025 сол

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ВА ОМӮЗГОРИРО БАДНОМ КАРДАНД

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ муайян карданд, ки собиқ ассистенти факултаи «Иқтисод ва идора» - и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимҷон Аҳмадов, аз сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд «Н» (номаш барои халалдор нашудани кори тафтишот махфӣ нигоҳ дошта мешавад) барои дохил намудани ҷиянаш ба шӯъбаи рӯзонаи гурӯҳи шартномавии факултаи мазкур, ғайр аз маблағи муқарраршудаи шартнома бо роҳи тамаъҷӯӣ боз 2500 доллари амрикоӣ пора гирифта ба даст афтод. 

Нисбати ӯ раёсати тафтишоти агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТпарвандаи ҷиноӣ кушода тафтиш мебарад. Кормандони ниҳоди мазкур, амали тамаъҷӯёнаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Аҳмад Абдураҳмонов, ва миёнрав Ҳасан Обидовро мавриди санҷиш қарор дода, ҳангоми гирифтани пора онҳоро дастгир намуданд. Акнун Аҳмад Абдураҳмонов бо моддаи 319 қ.1 ва Ҳасан Обидов бо моддаи 36 қ.4 ва 319 қ.1 - и КҶҶТ дар назди кормандони тафтишоти агентии мазкур ҷавоб мегӯянд.

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ