15:21:40 03-уми Июни 2025 сол

ПУТИН НОМЗАДИ ИНТИХОБОТИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРИИ РУСИЯ ШУД

Вдадимир Путин, нахуствазри Русия номзадӣ аз суи ҳизбашро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 пазируфтааст. Ин хабар дар ҷараёни ҳамоиши ҳизби Русияи воҳид, ҳизби ҳоким ва вобаста ба оқои Путин эълом шудааст.

Владимир Путин пеш аз ин ду бор яъне то соли 2008 пусти раёсати ҷумҳурии Русияро дар ихиёр дошт. Интизор меравад оқои Путин аз шонси зиёде дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда бархурдор бошад.

Дар сурати пирӯзии оқои Путин пешбинӣ мешавад то соли 2024 яъне дар ду давраи шаш сола дар қудрат хоҳад монд. Пешниҳоди номзадии оқои Путин дар ҳамоиши ҳизби Русия воҳид пеш аз интихоботи порлумонӣ дар чаҳоруми декабри соли ҷорӣ сурат мегирад.

Пешбинӣ мешавад, ки ин ҳизб ҳоло беш аз ду савуми курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад, битавонад танҳо ниме аз курсиҳоро ба даст биёрад. Коршиносон мегӯянд бо дарназардошти ин ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли 2012 рақобат зиёд нахоҳад буд, оқои Путин метавонад ба осонӣ пирӯз шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854