14:44:20 03-уми Июни 2025 сол

ПЕШКОВ: УЗВИЯТИ ДУШАНБЕ ДАР ИТТИҲОДИ АВРУОСИЁ МАТРАҲ НЕСТ

Мудири департаменти кишварҳои муштаракулманофеъ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон, Максим Пешков, гуфт, алҳол масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё мавриди баррасӣ нест.

Вай афзуд, Тоҷикистон дар марҳилаи аввал бояд узви Иттиҳоди гумрукӣ шавад ва нишон диҳад, ки ба талаботи узвияти дар Иттиҳоди Авруосиё ҷавобгӯ аст. Ҳамзамон ӯ Қирғизистон ва Тоҷикистонро номзадҳои асосии узвият дар иттиҳоди Русия, Беларус ва Қазоқистон номид.

Ин панҷ давлат узви Созмони ҳамкориҳои Авруосиё низ ҳастанд ва Виктор Христенко, ки раҳбари кумиссюни иқтисодии Авруосиё итаъин шуд, мегӯяд, пешсафони ҳамоиш шарикони худро фаромӯш нахоҳанд кард.

Дар ҳоле ки масъалаи узвияти Тоҷикистон дар робита ба парвандаи халабонҳои рус ва муҷозоти дастаҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик ба миён омадааст, намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ин моҷаро ба муносибатҳои ду кишвар таъсире нахоҳад дошт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854