16:19:49 03-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ КОРИ КУМИТАИ ДИФОЪ АЗ ДУ ХАЛАБОНИ ЗИНДОНИИ "ТОҶИКИСТОНӢ" ДАР РУСИЯ

Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабон ки ҳарду дар Тоҷикистон барои муддати 8,5 сол ба ҷурми қочоқ ва нақзи ҳарими ҳавоӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, оғоз ба кор кардааст.

Раёсати онро Анатолий Кучерена, узви Утоқи иҷтимоъии Русия ва вакили мудофеъ бар уҳда дорад. Оқои Кучерена эълом кард, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳе аз пизишкон таҳти сарпарастии Зураб Кекелидзе, пизишки равоншинос ба Тоҷикистон хоҳад рафт.

Хабаргузории Интерфакс гузориш дода, ки оқои Кучерен гуфтааст. "Бо назардошти муҳити равоние, ки халабонҳо дар он қарор доранд, онҳо ба кумаки оҷили мутахасисон ниёз доранд."

Гуфта мешавад ин ҳайат фаъолияти сафорати Русия дар Тоҷикистонро дар робита ба қазияи пизишконро баррасӣ ва барои халабонон кумаки пизишкӣ ироа мекунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854