22:47:50 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОТАШСӮЗӢ ДАР ИСТГОҲИ ҚАТОРИ ДУШАНБЕ-2

Дар оташсӯзие, ки соъоте пеш дар истгоҳи қатори Душанбе-2, воқеъ дар ғарби пойтахти Тоҷикистон, рух дод, миқдори зиёде аз мазути ширкати "Чайна Роуд" нобуд шудааст.

Сабабҳои ин оташсӯзӣ, ки дар яке аз анборҳои вобаста ба ин ширкат рух додааст, маълум нест, вале даҳ гурӯҳ аз оташнишонҳо фавран дар маҳалли ҳодиса ҳозир шуда ва алангаи оташро фурӯ нишондаанд. Як масъули чинии ширкати "Чайна Роуд", ки дар маҳалл ҳузур дошта ва худро Володя муъаррифӣ кард, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин оташсӯзӣ маводди сохтмонӣ, аз ҷумла беш аз ду ҳазор тун мазут, ки барои сохтмони роҳҳо ба кор мерафт, сӯхта ва нобуд шудааст.

Вале манобеъи расмӣ дар Тоҷикистон ҳануз андоза ва миқёси оташсӯзӣ ва мизони хисороти он ва ақломи нобудшударо эълом накардаанд. Истгоҳи қатори Душанбе-2, ки дар маҳалле наздик ба корхонаи равған дар ғагби шаҳри Душанбе воқеъ аст, маҳалли аслии тахлияи вогунҳои борӣ аст ва анборҳои мухталифе дар ин маҳалл воқеъ аст.

Ширкати "Чайна Роуд" муҷрии тарҳҳои бузурги роҳсозӣ дар Тоҷикистон аст. Ин ширкати чинӣ тайи чанд соли ахир ба сохтмон ва бозсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли ин кишвар мепайвандад, машғул аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi