15:59:37 01-уми Июни 2025 сол

МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ШАҲИД АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

Шоми 19.09.2011 бо ибтикори «Бунёди баналмилалии Масъуди шаҳид» ва «Анҷумани «Пайванд»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарабхонаи «Роҳат»-и пойтахт маҳфили ёдбуди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд  таҳти унвони «Масъуд устурае дар таърихи раҳоии миллатҳост» баргузор гардид, ки дар он аҳли  илму ҳунар, фарҳанг ва намояндагони дигар касбу корҳо аз ҷумлаи тоҷикону афғонҳои муқими шаҳри Душанбе, меҳмонони пойтахт ширкат варзиданд.

/images/stories/2011/09/20_abdulghafuri-orzu_20.9.2011.jpgДар ин маҳфил Абдулғафури Орзу- Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон,  Исомиддин Салоҳиддинов- Раиси «Анҷумани «Пайванд»-и Тоҷикистон», Шамсулҳаққи Ориёнфар- вобастаи фарҳангии сафорати ҶИА дар Тоҷикистон, Мӯъмин Қаноат- шоири Халқии Тоҷикистон, Рустами Ваҳҳоб-шоир ва адабиётшинос, Мирзо Шукурзода- нависанда ва муҳаққиқ, оқои Тоҷиддинӣ- шоири эронии муқими Тоҷикистон, Муҳаммад Ғойиб- шоири Халқии Тоҷикистон, Муҳаммад Холиқ- шоир ва донишманди тоҷик, Савлатшоҳи Мерган-  олими афғонистоншиноси тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо-сиёсатшинос, Ортиқи Қодир, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ намуда дар он афкор ва ашъори тозаи хешро дар бораи ин   қаҳрамони роҳи озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон ва ифтихори тамоми мардуми форснажод иброз доштанд.

 

 

/images/stories/2011/09/20_yodbudi-masood_20.9.2011.jpgЁдовар мешавем, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон расо даҳ сол пеш дар як ҳамлаи интиҳорие, ки аз сӯйи ба ном «журналистони араб» сурат гирифта буд, ба шаҳодат расид. Ба муносибати 10-солагии шаҳодати ин абармарди таърих имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар маҳфилҳои мухталиф аз ӯ ёд намуда ба равони покаш дуруд мефиристанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854