17:00:17 02-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНИИ ДУШАНБЕ АЗ ҚАТЛИ АТБОЪИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Душанбе аз мавридҳои афзояндаи қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори ташвиш кард. Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Маҳмуд Собиров рӯзи ҷумъа дар мулоқоте ба сафири Русия Юрий Попов бо иҳзори нигаронии ҷиддии Душанбе гуфтааст, ки қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов дар ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав ҷомиаро таккон дод.

Оқои Собиров хостори мусоидати мақомоти Русия дар таъмини таҳқиқи фарогири ин қазия шуд. Ҷасади гарданбуридаи Ҷонибек Қосимовро рӯзи 7 сентябр аз як ҷангалзор дар Сергиев Посад ёфтанд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар давру бари 1 миллион нафар рақам зада мешавад. Бино ба маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи 8 моҳи аввали сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 600 мурда овардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854