10:03:21 04-уми Июни 2025 сол

ДУ БОМБГУЗОРИИ МАРГТАЛАБОНА ДАР ПОКИСТОН

Полис мегӯяд, имрӯз бар асари ду бомбгузории маргталабона дар назди бинои мақоми баландпояи амниятӣ дар шаҳри ҷанубу ғарбии Кувайта (Quetta)-и Покистон беш аз 20 нафар ба ҳалокат расидаву 30 каси дигар захм бардоштаанд.

Ба қавли полис яке аз бомбгузорон мошини саршор аз маводи таркандаро дар назди хонаи муовини фармондеҳи нерӯҳои ниманизомии шаҳр мунфаҷир кард. Бомбгузори дуюм бошад, худро дар дохили хонаи ин фармондеҳ мунфаҷир кард. Ягон гурӯҳ масъулияти бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Гурӯҳи ниманизомии маъруф бо номи Фронтиер корпус (The Frontier Corps)  рӯзи душанбе дар амалиёти ҳабси як аъзои баландпояи созмони террористии ал-Қоида ширкат варзида буд. Кувайта маркази вилояти Балуҷистони Покистон буда, бо Афғонистону Эрон ҳаммарз аст. Дар ин устон ал-Қоида, толибони ҷангҷӯй ва ҷудоихоҳони балуҷ фаъол мебошанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854