08:10:21 04-уми Июни 2025 сол

ТАРКИШ ДАР НАЗДИ БИНОИ ДОДГОҲИ ОЛИИ ҲИНДУСТОН

Як мансабдори воломақоми ҳиндӣ мегӯяд, ки имрӯз бар асари таркиш дар канори бинои Додгоҳи Олии ин кишвар дар шаҳри Деҳлии Нав камаш даҳ нафар ба ҳалокат расиданд.

Вазири корҳои дохилӣ Р.К. Сингҳ ба телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, ки маводи таркандаро дар дохили як киф ё худ портфел пинҳон карда буданд. Дар ин ҳодиса камаш 45 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш дар назди даромадгоҳи серодами додгоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Ин бино дар рӯ ба рӯи парламент ва қароргоҳи сарвазири Ҳиндустон ҷойгир аст.

Касе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст. Моҳи май низ дар назди Додгоҳи Олии Ҳиндустон таркиш ба амал омада буд, вале он замон касе маҷрӯҳ нашуда буд. Моҳи июл дар шаҳри Мумбай-пойтахти тиҷории Ҳиндустон бар асари инфиҷор 24 нафар кушта шуданд. То кунун полис дар бораи масъулони ин таркишҳо чизе нагуфтааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854