07:30:47 04-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАҲМУД АҲМАДИНАЖОД

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод барои боздиди расмӣ ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард.

/images/stories/2011/09/04_rahmon_ahmadinajad_4.9.2011.jpgДар Қасри миллат аввал мулоқоти як ба яки президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод ва баъдан гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар фарҷоми гуфтушунид ду санади ҳамкории байнидавлатӣ - Созишнома дар мавриди сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ва ба кор андохтани заводи истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба имзо расиданд.

Мавзӯи асосии гуфтушуниди роҳбарони Тоҷикистону Эрон густариши ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналӣ мебошад.

Дар назар аст, ки зимни сафараш М.Аҳмадинажод дар маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби ширкати эронии «Сангоб» дар ҷануби Тоҷикистон сохта мешавад, иштирок менамояд. Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши иттилооти Сафорати Эрон дар Душанбе Маҳмуд Аҳмадинажод ҳамзамон зимни сафараш ба Тоҷикистон бо эрониёни муқими Душанбе дидору мулоқот менамояд.

Дар сафар ба Тоҷикистон Маҳмуд Аҳмадинажодро вазирони корҳои хориҷӣ, нерӯ, кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Эрон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Интизор меравад, ки зимни сафари расмии М. Аҳмадинажод ба Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Эрон як қатор Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон аввалин шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф карда буд. Сафоратхонаи ин мамлакат дар Тоҷикистон аз соли 1992 инчониб фаъолият дорад. Муносибатҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон тӯли солҳои мустақилияти Тоҷикистон сол то сол густариш меёбанд.

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854