ҲОМИДИ КАРЗАЙ БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон пас аз зӯҳри рӯзи якуми сентябр вориди шаҳри Душанбе шуд. Вай дар нишасти сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия, ки рӯзи дуввуми сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад.
Масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар маркази гуфтушуниди сарони Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва Покистон қарор хоҳанд гирифт. Мақомот мегӯянд, Ҳомиди Карзай дар ҷараёни ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Афғонистон дар шаҳри Душанбе низ иштирок хоҳад кард.
Ҳамчунин қарор аст, Дмитрий Медеведев, раисиҷумҳури Русия ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, ки қаблан ширкати худ дар нишасти чаҳоргонаро таъйид карда буданд, ба Тоҷикистон биёянд.
«Озодӣ»