16:13:20 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ АФСАРИ АМНИЯТИИ РУСИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Афсари 38-солаи гурӯҳи таъминоти амнияти раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.

/images/stories/2011/09/01_hotel-hyat_1.9.2011.jpgДар ин бора Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба мо хабар дода ва гуфт, Владимир Кузнетсов, афсари 38-солаи амниятӣ ҳанӯз 26-уми июл ба Душанбе омада, таъмини амнияти сафари Медевдев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекард.

Аммо ҷаноби Асадуллоев сарусадоҳо дар бораи масмумият ё заҳролудшавии подполковник Кузнетсовро рад кард ва гуфт, ки "ӯ бар асари бемории қалб фавтидааст."

Ба қавли сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи бемории Владимир Кузнетсов ҳамроҳонаш низ хабар доштаанд. Даргузашти як афсари гурӯҳи таъминоти амнияти раисиҷумҳури Русия дар Душанбе дар ҳолест, ки сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон шоми имрӯз, 1-уми сентябр оғоз меёбад.

Бисёре аз коршиносон интизор доранд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев - президентҳои Тоҷикистон ва Русия, ояндаи равобити байни ду кишвар рӯшан шавад. Ин муносибатҳо дар ҳоли ҳозир як давраи дарози ба истилоҳ “нодидагирии ҳамдигар”-ро, аз сар мегузаронанд.

Масъалаҳои зиёде байни онҳо муддатҳост ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки ҳар кадом барои ҳар яке аз тарафҳо аҳамияти хос дорад. Русия бо вуҷуди он ки дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон сари тарҳи Роғун аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят кард, мехоҳад, шароити ҳузури ҳарбияшро дар Тоҷикистон ба дилхоҳи худ ва бе чуну чаро муқаррар кунад.

Вале Тоҷикистон талош кардааст, дастикам салоҳиятҳои мушовирони Маскавро дар назорат бар марзи Тоҷикистону Афғонистонро маҳдудтар намояд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.09.2011 17:26
ma namefahmum afsari amniati russia dar tjk guh mexra megarda . chi kor meknan dar tjk?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854