02:21:39 01-уми Июли 2025 сол

ОҒОЗИ МУҲОКИМАИ ЯК НИЗОМИИ РУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи Игор Гордеев, сарбози пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ин сарбози рус дар фавти се нафар бар асари тасодуми утумубилӣ муттаҳам шудааст.

Гуфта мешавад, комюни “КамАЗ”, ки Игор Гордееви 23–сола ронандагӣ мекард, дар моҳи январи соли ҷорӣ ба ҳангоми ҳаракат аз воҳиди низомӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ба худраве бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса се сарнишини худрав ҷон бохтанд.

Тибқи иттилоъи нашрияи “Ежедневний журнал”-и Русия, муддати хидмати низомии оқои Гордеев дар баҳори соли гузашта поён ёфта, аммо бозрасони низомии Тоҷикистон дар қиболи ӯ ба иттиҳоми “нақзи қавоъиди ҳаракати роҳ, ки мунҷар ба кушта шудани ду ё зиёда афрод шудааст” парвандаи ҷинойиӣ боз карда ва аз бозгашти ин сарбоз ба Русия монеъ шудаанд.

Ба навиштаи ин нашрия, Игор Гордеев худро дар вуқӯъи ин ҳодисаи нохуш масъул хондааст ва аз ин лиҳоз, мумкин аст, бар асоси Қонуни афви ахири Тоҷикистон мавриди афв қарор гирад. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2005 таъсис шуда ва воҳидҳои низомии ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ