09:50:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ЯК ХАБАРНИГОРИ ТОҶИК ДАР ӮЗБАКИСТОН

Шӯҳрат Шодиев, як хабарнигори тоҷик, ба ҳангоми сафар бо қатор дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбакистон боздошт шудааст. Хабаргузории маҳаллии Осиё-Плас дар Тоҷикистон, ки оқои Шодиев қаблан бо он ҳамкорӣ мекард, рӯзи душанбеи 10 август ин хабарро интишор дод.

Ба гуфтаи масъулони ин хабаргузорӣ, сабаби боздошти оқои Шодиев мушаххас нест ва дар суҳбати телефунӣ вай гуфтааст, ки мақомоти интизомии ӯзбак далели аслии боздошташро ба ӯ тавзеҳ надодаанд. Аммо ин хабаргузорӣ аз қавли Ҳайдар Шодиев, бародари оқои Шодиев, овардааст, ки мақомоти ӯзбак ӯро ба занни "ворид кардани аслиҳа ва адабиёти мамнӯъа ба ин кишвар" боздошт кардаанд.

Ҳайдар Шодиев гуфтааст: "Шуҳрат аз сафаре ба Чеченистон, ки онҷо дӯстони зиёде дорад, бармегашт. Вай барои он боздошт шуд, ки дар сумкааш нашрияҳои тоҷикӣ, китоби Қуръон ба забони русӣ, кутуби дигаре, ки дар китобхонаи шаҳри Грозний харидорӣ карда буд ва як аслиҳаи пневматикӣ (бодӣ) кашф шуд."

Ба гуфтаи оқои Шодиев, маъмурони ӯзбак бародари ӯро аввал дар як воҳиди низомии баста нигоҳ дошта ва баъд аз он ки вай эъломи гуруснанишинӣ ва дархости дидор бо кунсули Тоҷикистонро кардааст, ӯро ба шаҳри Нуқус бурда ва аснодашро аз ӯ гирифтаанд.

Ҳамакнун оқои Шодиев ва ду роҳбалади тоҷик дар манзиле хусусӣ дар шаҳри Нуқус ба сар мебаранд ва мунтазири натиҷаи тасмими мақомоти ӯзбак дар мавриди адабиёти мамнӯъа ҳастанд.

Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи “Осиё-Плас” мегӯяд ҳарчанд Шӯҳрат Шодиев аз муддатҳо қабл дар ин ҳафтанома фаъолият намекунад, аммо онҳо ба сарнавишти ин хабарнигор бетафовут нестанд.

Оқои Мамадшоев гуфт: “Боздошти бесабаби ин хабарнигор дар қатори Маскав-Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол мушкилот дар роҳи қатор, яъне бархӯрди бади кормандони интизомии Ӯзбакистон бо шаҳрвандони тоҷик вуҷуд дорад. Ҳарчанд ин қатор танҳо аз қаламрави Ӯзбакистон ба таври тронзит убур мекунад, аммо масъулони пулис ва маъмурони гумруки ӯзбак ба худ иҷоза медиҳанд, ки бо атбоъи Тоҷикистон ҳангоми бозрасӣ рафтори хушунатомез кунанд.”

Оқои Мамадшоев мегӯяд, ки кормандони Осиё-Плас бо оқои Шодиев суҳбате телефунӣ анҷом додаанд ва вай ба онҳо гуфтааст, ки дар Ӯзбакистон бидуни мадорик қарор дорад, пулаш низ тамом шудааст ва аз сарнавишти ояндааш нигарон аст.

Вай дар тамос бо онҳо гуфтааст: "Ман чанд нусха аз нашрияҳои тоҷикӣ, аз ҷумла "Осиё-Плас" ва "Фараж"-ро бо худ доштам. Мақомоти гумруки Ӯзбакистон гуфтанд азбаски тооҷикиро намедонанд, лозим аст муҳтавои бархе аз мақолотеро, ки бу гуфтаи онҳо машкук ба назар мерасад, баррасӣ кунанд."

Масъулони хабаргузории Осиё-Плас тасмим гирифтаанд барои бозгашти Шӯҳрат Шодиев ва қазияи боздошти вай ба маркази Созмони Ҳамкорӣ ва Амнияти Урупо дар Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ва сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон муроҷеъа кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, онҳо аз мақомоти зидахли ду кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хоҳанд хост барои ҳалли мушкили убуру мурури васоили мусофирбарӣ ва ҳамлу нақли коло аз қаламрави ду кишвар тадобиреро иттихоз кунанд.

Зимнан, мақомоти ду кишвар, ки аз замони касби истиқлолашон аз давлати Шӯравӣ ба ин сӯ равобити чандон гарме бо ҳам надоштаанд, ҳануз ибрози назаре дар ин бора накардаанд. 

Шӯҳрат Шодиев барои анҷоми сафаре ба Русия рафта буд ва дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳан тавассути маъмурони интизомии Ӯзбакистон боздошт шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi