05:33:12 01-уми Июли 2025 сол

ИФТИТОҲИ ПУЛИ МУҲИМИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

Имрӯз 16-уми август, тайи маросими хосе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пули бузурге эҳдо шуда ба рӯи руди Панҷ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

/images/stories/2011/08/16_bridge_tajikistan_16.8.2011.jpg

Маросими баҳрабардорӣ аз пули бузурги марзӣ, бо ҳузури мақомоти расмии бархе аз сафоратхонаҳои муқими Душанбе, дафтари созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон, ҳайате аз мақомот ва масъулони низомӣ ва сиёсии вилоятҳои марзии Файзобод ва Бадахшони Афғонистон, дар минтақаи Хумроғии ноҳияи Ванҷи устони Худмухтори Бадахшон баргузор шуд.

Дафтари матбуотии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тайиди ин хабар, эълон кард, ки ин пули муҳим бар асоси тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва кӯмаки сандуқи тавсеъаи Оғохони чаҳорум, эҳдо шудааст.

Дар ин иттилоия возеҳ шудааст, ки барои сохтани ин пул, ки чаҳорумин пул бар рӯи рудхонаи 1400 километрии Панҷ дар устони марзи Бадахшону Тоҷикистон воқеъ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон аст, ҳудуди 12 миллион сомонӣ (ду миллиону 400 ҳазор доллар) хазина шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи расмии Тоҷикистон, ҳадаф аз сохтани ин пул, эҷоди заминаи матлуб барои рафту омади беш аз 70 ҳазор сокини навоҳии марзи Афғонистон ва Тоҷикистон, ки дар ду сӯи соҳили руди марзи Панҷ зиндагӣ мекунанд ва ниёзи афзоиши мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва беҳбуди вазъияти зиндагии мардуми ин минтақа аст.

Давлати Тоҷикистон ҳамзамон эълон кардааст, ки бо сохтани ин пул дар ду сӯи соҳили руди Панҷ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, бозорчаҳои муштараки марзӣ таъсис хоҳад шуд.

Аммо ин манбаъ мегӯяд, ки роҳандозии чунин бозорчаҳо, танҳо пас аз сохтани гузаргоҳҳои марзӣ, бо таҷҳизоти назорати марзӣ сурат хоҳад гирифт.

Коршиносон сохтани пулҳои миёна дар навоҳии марзии устони Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ва пули бузурге, ки бо мусоидати Амрико дар минтақаи Панҷи поёни Тоҷикистон дар ҳудуди шаш соли пеш сохта шударо баёнгари талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти ин кишвар барои тақвияти заминаи муносиботи ҳасанаи сиёсӣ, бавижа тиҷоратӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин эҷоди заминаи раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ арзёбӣ мекунанд.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ