15:58:05 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МАҚОМОТИ РАСМӢ ПИРОМУНИ ВАЗЪИ ВОДИИ РАШТ

 

 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи фаъол шудани нирӯҳои зиддиҳукуматӣ дар навоҳии минтақаи шарқи кишварро такзиб мекунад. Намояндаи ин вазорат гуфт, тақвияти тадобири амниятӣ дар водии Рашт ба амалиёти “Кӯкнор–2009” бастагӣ дорад. Аз сӯи дигар, бар асоси қарори қабулкардаи ҳукумати Тоҷикистон амалиёти «Кӯкнор-2009» шурӯъ аз моҳи май то ноябри соли равон дар тамоми қаламрави кишвар доир хоҳад шуд. 

Намояндаи вазорати умури дохила сарусадоҳои ахиран бархоста пиромуни авзоъ дар манотиқи шарқи Тоҷикистонро ба эъзоми як ҳайъати бузурге аз намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар марбут донист, ки дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” сурат гирифтааст.

Масъули маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи фаъол шудани нерӯҳои зиддиҳукуматӣ дар минтақаи шарқи Тоҷикистонро бепояву асос хонд. Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ин сарусадоҳо баъди эъзоми як ҳайъати муштарак аз ниҳодҳои интизомиву қудратӣ ба минтақаи шарқи кишвар, ки дар доираи амалиёти “Кӯкнор –2009” сурат гирифт, паҳн шудааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон баргузории амалиёти “Кӯкнор – 2009” ҳамакнун дар тамоми қаламрави кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ҷараёни ин амалиёт фаъолияти посгоҳҳои мавҷуда тақвият ёфта, ҳамчунин як силсила посгоҳҳои сайёр таъсис дода мешаванд. Ҷиҳати назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои масъули қудратӣ як ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон низ таъсис дода шудааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле хабари фаъъолшавии нерӯҳои зиддиҳукуматӣ дар минтақаи шарқи кишварро такзиб мекунад, ки бархе аз расонаҳо аз эҳтимоли вуруди ҷонибдорони Мулло Абдулло, як тан аз фармондеҳони пешини мухолифин, ба ин минтақа хабар медиҳанд. Мулло Абдулло Раҳимов аз фармондеҳони пешини мухолифини тоҷик буд, ки шароити тавофуқоти сулҳи ҳукумат ва мухолифинро напазируфт ва дар соли 2000 таҳти фишори нерӯҳои ҳукуматӣ кишварро ба қасди Афғонистон тарк кард. 

Аммо Мирзо Сафаров - муовини раиси ноҳияи Тавилдара дар як робитаи телефонӣ фаъолшавии гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ бо сарварии фармондеҳ Мулло Абдуло дар ноҳияро радд кард. Оқои Сафаров гуфт, ки аҳолии ноҳия чун рӯзҳои пешин аз пайи рӯзгори худ ҳастанд. Аммо ӯ афзуд, ки далели фиристодани нерӯҳои изофӣ ба ноҳияро ӯ наметавонад тавзеҳ диҳад, зеро ин дар салоҳияти мақомоти қудратист.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки бо мақсади кашфу маҳви киштзорҳои ғайриқонунӣ ва майдонҳои кӯкнор, инчунин ҷилавгирӣ аз муомилот ва қочоқи маводи мухаддир дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои муштарак ва сайёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ташкил шудаанд ва ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон, тафтиш хоҳанд кард. Қарор аст, амалиёти “Кӯкнор-2009” то 30-юми ноябр идома кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi