МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ
Имрӯз 4-уми августи соли 2011, соати 9-и субҳ дар масҷиди Хоҷа Яъқуби Чархии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маросимро бо сухани муқаддимавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии ҶТ, мири шаҳри Душанбе кушод. Мавсуф дар суханронии худ аз хидматҳои шоёни марҳум барои халқу миллат ва давлати Тоҷикистон ёдовар шуд.
Намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов бо имоматии Сайидмукаррам Абдуқодиров, раиси Маркази Исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷасади марҳум Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Данғара ба хок супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Асадулло Ғуломов дирӯз ҳангоми як сафари хидматӣ ба минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритӯс бар асари сактаи мағзӣ аз по дарафтода, ҳангоми интиқол додани ӯ ба Душанбе тавассути чархбол дар роҳ ҷони худро аз даст додааст.
Чи тавре, ки дар таъзияномаи ҳукуматӣ бо имзои раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон азҷумла омадааст, «Асадулло Ғуломов дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст.
Асадулло Ғуломов на танҳо ташкилотчии моҳири истеҳсолоту мутахассиси олии соҳаи сохтмон буд, балки худро инчунин сиёсатмадор, устоди сахтгиру ғамхор ва рафиқи мушфиқ нишон додааст.
Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» - дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст».
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна