МУБОРАК БО ДУ ФАРЗАНДАШ БАРОИ МУҲОКИМА ВОРИДИ ДОДГОҲ ШУД
Ҳусни Муборак диктатори рондашудаи Миср бо як фарзандаш тавассути чархбол вориди донишгоҳи пулиси Қоҳира, маҳали баргузории додгоҳ шуд, хабар медиҳад хабаргузории «Форс».
Бо гузориши телевизиони расмии Миср «Ал-Миср» дар хабари фаврӣ эълон кардааст, ки Ҳусни Муборак ва ду фарзандаш бо ҳамроҳии Ҳабиб Одилӣ, вазири кишвари собиқи Миср вуруди донишгоҳи пулиси Қоҳира маҳали баргузории додгоҳ шудаанд.
Муборак қарор аст, бо иттиҳоми куштори мардум, тайи қиёми Миср, судури гази ин кишвар ба қиммати поён ба режими саҳюнистӣ ва иттиҳомоти ворида дар бораи фасоди молӣ муҳокима шавад.
Аҳмад Рафъат қозии ин додгоҳ аст ва телевизиони Миср ҳам қарор аст, ки раванди додрасиро аз ибтидо то интиҳо пӯшиш ва ба таври мустақим пахш кунад. Хабарнигорони хориҷӣ ва дохилӣ низ иҷоза надоранд, дар додгоҳ ҳузур дошта бошанд.