МЕҲМОНПАРАСТ: ЭРОН БАРОИ ҲЕҶ КАС ТАҲДИДИ МУШАКӢ МАҲСУБ НАМЕШАВАД
Ромин Меҳмонпараст - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон эълон кард, ки кишвараш наметавонад барои ҳеҷ кадом аз кишварҳои дунё таҳдиди мушакӣ маҳсуб шавад ва тавони низомии ин кишвар фақат барои дифоъ аз хок ва ҳифзи субот дар минтақа аст.
Бо гузориши РИА «Новости» аз хабаргузории «ISNA» вай ҳамчунин дар мавриди изҳороти яке аз мақомоти НАТО мабнӣ бар ин ки ҳадаф аз эҷоди сомонаи дифои мушакӣ Эрон аст, на Русия гуфт: «Албатта давлатҳои мустақил ва афкори омавии мардуми дунё ба беҳтарин шакл метавонанд, дар ин маврид қазоват дошта бошанд, ки ҳадафи аслии ин сипари дифоъи мушакӣ, чи кишварҳое ҳаст ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дунболи чӣ аҳдофе мегардад? Баъид медонам, қазовати оқилона, дақиқ ва воқеъбинона ҳикоят аз ин дошта бошад, ки Эрон хатари мушак барои кишварҳои бузург ва дурдаст бошад».
Меҳмонпараст таъкид кард, ки: «Тавоноии низомии кишвари мо дар ҷиҳати дифоъ аз сулҳ ва суботи минтақа аст ва ҳеҷ хатаре барои кишварҳои ҳамсоя, дӯст ва дурдаст нахоҳад буд».