20:29:43 27-уми Январи 2022 сол
banner site ruzgor 21 22
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ҲУШДОРИ ЧИН БА АМРИКО ДАР БОРАИ ФУРӮШИ АСЛИҲА БА ТАЙВАН

Имрӯз 29-уми июл, Ванг И раиси идораи умури Тайван дар давлати Чин ба Амрико ҳушдор додааст, ки фурӯши аслиҳаҳо ба Тайван паёмадҳои хубе нахоҳад дошт, дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар медиҳад.

/images/stories/2011/07/29_china-usa_29.07.2011.jpgТибқи хабаргузории Синхуа вай дар як дидор бо гурӯҳи аз коршиносони амрикоӣ таъкид кардааст, ки фурӯши аслиҳа ба Тайван зарбаи ҷиддӣ ба равобити ду кишвар Чин ва Амрико ворид хоҳад кард. Вай гуфт, ки Чин ба шиддат мухолифи ин иқдоми Амрикост.

Мақомоти чинӣ бо гузориши расонаҳо дар бораи эҳтимоли фурӯши ҷангандаҳои F-16-и Амрико ба Тайван гуфт: «Яқин бидонед, ки Чин бо ин фурӯши аслиҳаҳо мухолиф аст».

Вай гуфт: «Ин фурӯши аслиҳа на танҳо ба равобити Чин ва Амрико латма мезанад, балки барои раванди сулҳ ва суббот дар Тайван халал ворид мекунад».

Ванг И мегӯяд: «Ин ки гуфта мешавад, силоҳҳои Чин ба сӯи Тайван нишон гирифтааст, далели надорад. То замоне, ки Тайван эъломи истиқлол накардааст ва бахше аз Чин ба ҳисоб меравад, чаро бояд мавриди таҳдиди низомии Чин қарор бигирад? Ниёзҳои дифоии Чин таҳдиде барои Тайван нест».

Бархе аз гузоришҳо дар расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, ки дастёбии Чин барои ҳавопаймоҳои ҷадид ва мушакҳои пешрафта барои Тайван як таҳдид аст.

Дар ин маврид давлати Чин ин гузоришҳоро баҳонае барои ҳамвор кардани масири фурӯши аслиҳаҳои Амрико ба Тайван тавсиф кардааст.

Манбаъ: Хабаргузории «Ирно»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

АСҲОБИ КАҲФ

ОЙИНИ ОИНА

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi