70 НАФАР МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ТОҶИКУ УЗБАК БОЗДОШТ ШУДАНД
РИА Новости хабар додааст, ки шаби панҷшанбе дар қисмати ҷанубии шаҳри Маскав шаҳраки муҳоҷирони ғайриқонуниро пайдо кардаанд.
Бино ба хабари полиси ҳавзаи ҷануби шаҳри Маскав, дар ин шаҳрак 70 нафар муҳоҷирони кории Узбакистону Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин чаҳорумин шаҳраки ғайриқонунии муҳоҷирони ғайриқонунӣ будааст. Ин шаҳрак дар ҷараёни амалиёти шабонаи “муҳоҷири ғайриқонунӣ” ошкор шудааст.
Муҳоҷирон дар хоначаҳои худсохт ва дар вагонҳои кӯҳнаву афтода ба сар мебурдаанд. То ҳол дар бораи сарнавишти баъдии ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ чизе гуфта нашудааст, вале полис изи ангуштони онҳоро гирифтааст, то ба имкони даст доштани онҳо дар ҷинояткориҳои Маскав расидагӣ сурат бигирад.
«Озодӣ»