ИНФИҶОР ДАР ҶАНУБИ АФҒОНИСТОН ДАСТИКАМ ҲАЖДАҲ ҒАЙРИНИЗОМИРО КУШТ
Бумби коргузошташуда дар канори ҷодае дар наздикии Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳелманд, дар ҷануби Афғонистон, дар масири як минибуси ғайринизомӣ мунфаҷир шудааст ва дар натиҷаи он дастикам ҳаждаҳ нафар, аз ҷумла чанд кӯдак кушта ва шуморе захмӣ шудаанд.
Насби бумбҳои канориҷодаӣ аз ҷумлаи равишҳои шӯришиёни мухолифи давлати Афғонистон аст, ки дар мавриди мутаъаддид ба ғайринизомиён осеб расонда ва гуфта мешавад масъули ҳудуди як севуми кулли талафоти ғайринизомӣ дар даргириҳои ин кишвар аст.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда дар пайи инфиҷори ин бумби канориҷодаӣ байни нерӯҳои амниятӣ ва шӯришиёни мусаллаҳ даргирӣ рӯй дод ва ду тараф ба табодули оташ пардохтанд.
Би-Би-Си