08:12:58 02-уми Июли 2025 сол

ДАР ЯК ЛАҒЖИШИ КӮҲ ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ 18 НАФАР КУШТА ШУД

Бино ба иттилои хабаргузории Фаронса дар натиҷаи лағжиши кӯҳ дар Кореяи Ҷанубӣ 18 нафар кушта шудааст.

/images/stories/2011/07/27_korea-554545.jpgДар осоишгоҳе, ки дар наздикии шаҳри Чхунчхон, ки дар шимоли кишвар қарор дорад, 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Пораи кӯҳ ба рӯи як меҳмонхона ва се хонаи истиқоматӣ лағжидааст.

Даҳ нафар аз кушташудагон донишомӯзон буданд, ки довталабона ба ин минтақа барои кор рафтаанд. Панҷ нафар дар ҷануби Сеул ва як нафари дигар дар дохили шаҳр аз ин офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар пойтахти шаҳр, ки беш аз 700 хонаи истиқоматии он зери обу лой мондааст, ҳолати изтирорӣ эълон шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории NEMA дар саросари кишвар бо далоили омадани сел ва лағжиши кӯҳҳо 36 роҳи бузурги автомобилгард, аз ҷумла 23 роҳ ба сӯи Сеул масдуд шуданд. Иллати лағжиши кӯҳро боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир медонанд.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ