11:11:06 01-уми Июли 2025 сол

ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶИИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

Имрӯз, 27-уми июл дар нимаи аввали он, вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Залмай Расул бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон омад.

/images/stories/2011/07/27_zalmay-rasul_2011.jpgБино ба иттилои сардори департаменти иттилоот ва таҳлилу барномарезии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз дар нимаи дуввуми он мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири хориҷии Афғонистон Зулмай Расул баргузор мегардад.

Ба гуфти ӯ интизор меравад, ки вузарои хориҷа ҳарду кишвар масоили густардаи равобити дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодёт, энергетика, амният, маориф ва тандурустӣ мавриди баҳс қарор бидиҳанд.

Ҳамчунин барномарезӣ шудааст, ки дар тӯли сафар вазири умури хориҷаи Афғонистон Залмай Расул бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намояд.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ