03:51:27 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР НАТИҶАИ ИНФИҶОР ДАР МАКАО 13 НАФАР МАҶРӮҲ ШУДАНД

Дар инфиҷоре, ки субҳи имрӯз, 26-уми июл, дар шаҳри Макао рух дод, дасти кам 13 нафар захмӣ шуданд, омадааст дар хабари хабаргузории "Синхуа".

/images/stories/2011/07/26_macau_locator_map.jpgИн инфиҷор  соати 7:00 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар ресторани Маркази байналмилалии Макао (Centro Internacional De Macau) рух додааст. Бар асоси баъзе хабарҳо балони газ мунфаҷир шудааст.  Тирезаҳои меҳмонхонаи маъруфи Golden Dragon, ки дар маҳали таркиш воқеъ аст, шикастаанд. Дар ҷои ҳодиса пулис ва хадамоти оташхомӯшкунӣ кор карда истодаанд.

Макао то соли 1999 колонияи Португалия ба ҳисоб мерафт. Ҳоло дар ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мисли Гонгонг як минтақаи худмухторро ташкил медиҳад. Қонун ва пули худро дорад. Даромади асосии ин минтақаи худмухтор аз ҳисоби қиморбозӣ мебошад.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi