ЯК КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ ДАР ЗАДУХӮРД БО МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ
Дар амалиёти ҷустуҷӯи се маҳбуси фирорӣ дар Тавилдара як корманди пулис кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як корманди Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт хабар дод. Вай гуфт, ин амалиёт, ки бо иштироки нерӯҳои пулиси минтақаи Рашт сурат мегирад, соати нӯҳи субҳи рӯзи душанбе дар маҳаллаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара оғоз ёфта, ҳанӯз ҳам идома дорад.
Ин манбаъ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар бораи амалиёт дар Тавилдара худдорӣ кард. Ҳамчунон комилан дақиқ нест, ки даргирӣ бо маҳбусони фирорӣ иттифоқ афтодааст ё афроди мусаллаҳи номаълум. Ҷустуҷӯи охирин маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Тавилдара дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта дар бораи ҷустуҷӯи се фарди мусаллаҳ дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Данғара сарусадоҳо паҳн шуда, ҷузвутомҳое ба ин мавзеъ ирсол гаштанд.
Мақомоти пулиси минтақаи Кӯлоб гуфта буданд, ки эҳтимол ин се нафари мусаллаҳ се маҳбуси фирорӣ бошанд. Аммо ҷузъиёти бештар дар ин бора мунташир нашудааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз 25 маҳбуси фирорӣ, ки дар моҳи августи соли гузашта аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе фирор кардаанд, то ҳоло 3 нафарашон дар озодӣ боқӣ мондаанд.
Бино ба иттилои масъулони ин вазорат, то кунун 17 тан аз маҳбусони фирорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Қирғизистон боздошт ва чаҳори тани онҳо дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ кушта шудаанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба парвандаи маҳбусони фирорие, ки боздошт шудаанд, ба анҷом расида, ҳафт тани онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд. Додгоҳ се тан аз ин маҳбусони фирорӣ, аз ҷумла Абурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба муддати 30 сол равонаи зиндон кард.
«Озодӣ»