19:07:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЛОКАТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ХИТОЙ ДАР БАДАХШОН

19-уми июли соли равон ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳар дуи онҳо ронанда буданд, сари роҳ дар деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ «ХАЛБА» (автомашинаҳо)-ҳои худро манъ намуда, берун шуданд.

/images/stories/2011/07/20_sadama_5454566.jpgНогаҳон аз хамгашти раҳ мошинаи тамғаи ВАЗ, ки ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард, бо суръати тез пайдо шуда, Алшаир Кирилун ва Каҳаёр Адулмут (шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой)-ро зада аз по афтонд. Онҳо дар натиҷаи гирифтани ҷароҳатҳои ниҳоят вазнин дар ҷои фалокат ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи маълумотҳо чунин садама бо шаҳрвандони чинӣ дар Бадахшон на бори аввал рух медиҳад. 

Аз тариқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз роҳи байналмилалии Тоҷикистону Хитой мегузарад, ки ба вазъи зиндагонии  мардуми Бадахшон аз ҳар тараф асар мекунад. Агарчи ин роҳ ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ ҷавоб дода натавонад ҳам, бо ин роҳ ҳар рӯз ба ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ даҳҳо нақлиёти мухталиф ворид шуда, боз аз он хориҷ мегардад.

Ин роҳ асосан водии Ғунди ноҳияи Шуғнонро убур намуда, аз миёни деҳаҳо, боғҳову кӯчаҳо ва ҳатто тангкӯчаҳо мегузарад. Дар баробари он, ки аз садои ғулдурроси фураҳои калон мардуми ин водӣ шабҳо хоб надоранд, боз ин роҳ ба аҳолии ин ҷо хатари дигареро низ пеш меорад, ки ин  эҳтимоли зиёди зери мошин афтода мондани кӯдакон мебошад. Ба замми ин дар вилоят, асосан дар ноҳияҳо, гоҳ-гоҳ ронандагоне сари чанбари автомашинаҳо мешинанд, ки ҳатто ҳуқуқи ронандагӣ надоранд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi