ДИДОРИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ АҲМАДИНАЖОД АЗ ТОҶИКИСТОН
Дар назар аст, дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон бо дидори дурӯза вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба гузоришҳои хабаргузориҳои расмии Эрон, дар ҷараёни ин дидор оқои Аҳмадинажод дар маросими оғози кори огреготи аввали нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” 20 феврали соли 2006 аз ҷониби ширкати “Сангоб”-и Эрон шурӯъ шуда ва интизор мерафт, то авохири соли ҷорӣ ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аммо бо дархости Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати эронӣ корҳои сохтмониро дар ин пружа тасреъ бахшида ва қарор аст, то моҳи сентябри соли ҷорӣ, яъне, ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон огреготи аввали нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро фаъол гардад.
Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин пружа тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон солиёна ба миқдори беш аз 1 милёрд килувот-соъат афзоиш ёфта ва ин гоми ҷиддие дар дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ хоҳад буд. Ҳазинаи ин нерӯгоҳи бо тавоноии 220 меговот беш аз 1 милёрд сомонӣ ё 225 милюн дулори омрикоӣ буда ва 180 милюн дулори он аз ҷониби давлати Эрон тахсис мешавад.
Тибқи тавофуқи тарафайн, нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ба муддати 12,5 ним сол аз ҷониби Эрон истифода шуда ва сипас, моликияти Тоҷикистон хоҳад шуд. Хабаргузориҳои Эрон гуфтаанд, ки дар ҷараёни дидори қарибулвуқӯъи Маҳмуд Аҳмадинажод аз Тоҷикистон мавзӯъи бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли ин кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.
Зимнан, Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт буд, мустанадоти фаннию иқтисодии ин нерӯгоҳ омода шуда ва пас аз поёни сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар моҳи сентябри соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи ноҳияи Айнӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ин нерӯгоҳ дар наздики рустоҳои Хушекат ва Искодари ноҳияи Айнӣ бунёд шуда ва тавоноияш 210 меговот хоҳад буд. Гуфта мешавад, ин нерӯгоҳ солиёна 1 милёрд килувотт соъат нерӯи барқ тавлид карда ва навоҳии Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳиро бо барқ таъмин хоҳад шуд.
Ҳамчунин, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои “Нуробод-1” ва “Нуробод-2” дар шаҳрқи Тоҷикистон дар дасти мутолеъаи коршиносони эронӣ қарор дошта, аммо то ҳол кишвараш дар ин замина тасмиме нагирифтааст.
Би-Би-Си