05:04:07 01-уми Июни 2025 сол

ҶОН БОХТАНИ ЯК ХОНАВОДА ДАР ТАСОДУМ

Бар асари тасодум дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон 4 нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри шанбеи 25 июн, дар роҳи иртиботии масири Палдорак-Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон як худрав тасодум карда ва ба рудхонаи Зарафшон сарозер шудааст.

Бар асари ин ҳодиса, Муҳиддин Ғафуров, ронандаи утумубил ҷароҳат бардошта ва Воҳид Дӯстов, Саврӣ Қурбонова, Раҳимҷон Валиев ва Нозанин Валиев, аҳли хонаводаи ӯ ҷон бохтаанд. Ин манбаъ гуфт, ки то ҳол ҷасадҳои Саврӣ Қурбонова ва Нозанини 4 –моҳа ёфт шуда ва ҷустуҷӯйи аҷсоди дигар идома доштааст.

Бар асоси хабари дигари Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, дар ҳамин рӯз дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, бар асари инфиҷори болуни гоз дар худрави “Нексӣ” дар истгоҳи фурӯши гоз Одил Меҳмонов, ронандаи ин худрав дар маҳалли ҳодиса кушта ва ду ронандаи дигар шадидан захмӣ шудаанд. Зафар Назаров, ронандаи утумубили бории “Зил-130”, ки дар ин инфиҷор ҷароҳати сангин бардошта буд, дар бемористон даргузаштааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854