12:22:02 01-уми Июни 2025 сол

ИШТИРОКИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ ДАР ФОРУМИ ИСЛОМИЮ ИҚТИСОДӢ

Рӯзҳои 7-9 июни соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо мақсади иштирок дар 7 - умин Форуми умумиҷаҳонии исломию иқтисодӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.

okil_okilov_2122.jpg7 - умин Форуми умумиҷаҳонии исломию иқтисодӣ таҳти унвони «Рушди глобалии иқтисодӣ: -ҳамдастӣ, рақобат ва ҳамкорӣ» бо ташаббуси Фонди форуми умумиҷаҳонии исломию иқтисодӣ доир шуд. Дар кори форум ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Казоқистон Нурсултон Назарбоев, директори Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, директори Фонди Форуми умумиҷаҳонии исломию иқтисодӣ Тун Мусса Хитам ва сарони як қатор кишварҳои исломӣ иштирок карданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни суханронӣ дар ин форум изҳор дошт, ки Форуми умумиҷахонии исломию иктисодӣ яке аз ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки ба давлатҳо ва иштирокчиён имконияти нави ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар шароити ҷаҳонишавӣ фароҳам меорад.

Ба андешаи Оқил Оқилов натиҷаҳои кори форум имкон медиҳад, ки иштирокчиён масъалаҳои муосири ҷаҳонишавиро баррасӣ карда, тавсияҳои навро барои татбиқи ҳамкориҳои байналхалқӣ таҳия намоянд. Азбаски мавзӯи форум баррасии масъалаҳо ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ба хотири рушди иқтисодиёт дар кишварҳои исломӣ буд, Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов  аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳои мушаххас овард.

Вай зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барои пешрафти иқстиодиёт ва шукуфоии мамлакат, бо назардошти манфиати кишварҳои минтақа, се самти афзалиятнок, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро интихоб кардааст, ки аллакай натиҷахои нек ба бор оварда истодааст.

Сарвазири ҶТ инчунин, оид ба қабули барномаҳои стратегии давлатӣ, татбиқи босамари барномаҳои СММ,  бахсусус барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола маълумот дод. Оқил Оқилов таъкид кард, ки ҶТ барои татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола Стратегияи миллии рушди ҶТ то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро қабул кард, ки онҳо самти фаъолияти давлатро ба хотири ба даст овардани рушди устувори иқтисодӣ муайян менамояд.

Бо ишора ба дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт, Оқил Оқилов таъкид кард, ки дар натиҷаи тадбирҳои судманд 72 фоиз сатҳи камбизоатии соли 2003  ба 45 фоиз дар соли 2010  баробар карда шуд. Барои рушди иқтисодиёт масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз тадбирҳои муҳим ба шумор меравад, ки дар ин самт низ Ҳукумати ҶТ мавқеи тағйирнопазир дорад. Оқил Оқилов зимни суханронӣ оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи он, ки барои аксар кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад, ибрози андеша кард.

Инчунин, дар баромади хеш Сарвазири мамлакат дар бораи зарурати бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, бо ин васила содироти нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва Осиёи ҷанубӣ, сохтмони лоиҳаи бузурги КАССА-1000, дарёфти роҳҳои алтернативии тавлиди  нерӯи барқ, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, сохтмони роҳҳои нави оҳан, бартараф кардани монеаҳои сунъӣ, нақши ташкилоту институҳои молиявии исломӣ барои пешрафти кишварҳои исломӣ, истифодаи имкониятҳои дар кишварҳои исломӣ истифоданашуда ва дигар тадбирҳои муҳим андешаҳои ҷолиб баён кард. 

Дар доираи иштирок дар кори форуми мазкур Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим  Масимов мулоқот кард. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дӯстию хамкориҳоро баррасӣ карданд. Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот буданд.

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854