БАРРАСИИ МАСОИЛИ ИҶТИМОИИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ
9-10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIV Шўро оид ба сиёсати иҷтимоии назди Кумитаи ҳамогироии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва ҷаласаи XXIV Шўрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи шўроҳои мазкур намояндагони кишварҳои узви Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва давлатҳо аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон ширкат варзиданд.
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмдаминов зимни баромад зикр намуд, ки аз лаҳзаи дар шаҳри Масква ба имзо расидани созишнома «Дар бораи таъсиси Шўрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии давлатҳо аъзои ИДМ» аз 16 апрели соли 1993 то имруз 23 ҷаласа дар давлатҳои узви ИДМ баргузор гашт. Ҷаласаи навбатӣ бахшида 20 –умин солгарди таъсисёбии давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шудааст.
Дар ҷаласа мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ёрбобоев зикр намуд, ки яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеаи давлати соҳибистиқлол ин таъмини сатҳ ва сифати ҳифзи иҷимоии аҳолӣ мебошад. Аз ин рў, иштирокдорони Шўро ба натиҷаҳои ҳосилшуда эътибори ҷиддӣ дода, роҳҳои ҳаллу фасли масоилро дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои дўсту ҳамҷавор муайян кунанд ва нерўи муштараки худро ба татбиқи қарорҳои қабулгашта равона созанд.
Ҳамчунин, иштирокдорони ҷаласа оид ба маъалаҳои гуногун, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи Консепсияи марҳилавии ташаккули бозори меҳнати умумӣ ва танзими муҳоҷирати нерӯи кории давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2011-2015-ро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Зарина Саидова, АМИТ «Ховар»