МАҲРУМИЯТИ 103 СУДЯ АЗ ДАРАҶАИ ТАХАССУСӢ
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии судяҳо, беҳтар намудани сиёсати кадрӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо боназардошти дараҷаи тахассусӣ ва сифатҳои шахсии судяҳо Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ андешида, вобаста ба сифатҳои корӣ ва фаъолияти касбии судяҳо ба коллегияи тахассусии назди Шӯрои адлия ҷиҳати имконпазирии додани дараҷаҳои тахассусӣ ба 162 нафар судяҳо пешниҳоди худро ирсол намуд.
Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов иттилоъ дод, ки аз ҷумла, 11 нафар судяҳо ба дараҷаи якуми тахассус, 11 нафар ба дараҷаи дуюм, 15 нафар ба дараҷаи сеюм, 36 нафар ба дараҷаи чорум ва 82 нафар ба дараҷаи панҷуми тахассус пешниҳод гардиданд. Бинобар сабаби дар фаъолияти кориашон ба камбудиҳо роҳ додан ва дуруст ба роҳ намондани назорат аз болои кормандони худ 103 нафар судяҳо аз гирифтани дараҷаҳои тахассусӣ маҳрум шуданд.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»