10:38:49 24-уми Майи 2025 сол

САФАРИ ДУ РӮЗАИ СТРУАН СТИВЕНСОН БА ТОҶИКИСТОН

Струан Стивенсон, раиси гурӯҳи тағйири муҳит зистии порлумони Урупо, ки имрӯз вориди Тоҷикистон шудааст, бо мақомоти баладппояи ин кишвар мулоқотҳо анҷом додааст. Бар асосии иттилоъи дафтари матбуъотии порлумони Тоҷикистоноқои Стивенсон, субҳи рӯзи душанбеи 30 май бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.

Дар ин мулоқот, ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои миёни порлумонҳои Тоҷикистон ва Урупо, ҳалли масоили марбут ба истифода аз оби ошомиданӣ ва энержии минтақаро матраҳ кардаанд. Оқои Зуҳуров бо изҳори сипос аз ин мақоми порлумони Урупо барои ҳимояти тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун”, таъкид кардааст, ки теъдоди афроде, ки ин тарҳро ҷонибдорӣ мекунанд, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Оқои Стивенсон дар нувбати худ, гуфтааст, ки бо даъвати мақомти Тоҷикистон рӯзи сешанбе аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дидан хоҳад кард. Бар асоси иттилоъи порлумони Тоҷикистон, оқои Стивенсон дар ин мулоқот гуфтааст, ки “Ман мутмаинам, ки Тоҷикистон чун шарики Иттиҳодияи Урупо бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъи ҷуғрофиёӣ дар минтақа нақши калидиро ифо мекунад.”

Ба ақидаи вай кишварҳои урупоӣ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухадди, теруризм ва ифротгароӣ аз Президент Раҳмон ҳимоят кунанд. Вай ҳамчунин зимни баррасии мавзӯъи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” гуфтааст: “Ба назари ман вокуниши манфии Ӯзбакистон дар қиболи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пеш аз вақт аст. Мақомоти ӯзбак бояд мунтазири анҷоми фаъолияти кумисиюни вижаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бошанд. Вале ман чун яке аз коршиносон ба ин боварам, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳ орӣ аз хатарот аст. Афзун бар он ман мутмаинам, ки ин нерӯгоҳ барои куллия кишварҳои минтақа судовар хоҳад буд.”

Ҳамчунин оқои Стивенсон мӯътақид аст, ки нерӯгоҳи “Роғун” замонати таъмини мардумони минтақа бо оби шошомиданӣ будааст. Струан Стивенсон, раиси гурӯҳи тағйири муҳит зистии порлумони Урупо бо масъулони бахши муҳити зистии порлумони Тоҷикистон низ мулоқот анҷом додааст.

Би-Би-Си         

Назари Шумо

Security code
навсозӣ