ҲАМКОРИИ САФОРАТИ АМРИКО ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ БАРОИ КОҲИШИ САТҲИ ТАРКИ МАТАБ АЗ ҶОНИБИ ХОНАНДАГОН
Ҷаноби Ҷеффри Лерер, Директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби ҳамкориро ба имзо расониданд, ки он баёнгари нияти ҳамкории онҳо оид ба татбиқи Барномаи сесолаи озмоишии пешгирии тарки мактаб (БОПТМ) мебошад.
Мақсади Барнома пешгирии тарки мактаб аз тарафи хонандагон буда дар вилояти Хатлон тибқи Стратегияи миллии таълим амалӣ гардонида мешавад. Барнома фаъолиятҳои ҷории USAID-ро бо мақсади дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи дастрасӣ ба таълими ибтидоӣ ва миёнаи босифат дар Тоҷикистон пурра мегардонад. Давлатҳои Камбоҷа, Ҳиндустон ва Тимори Шарқӣ низ дар ин барнома ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни маросими имзокунӣ ҷаноби Леҳрер иброз дошт: «USAID ва Вазорати маориф ба мувофиқае расиданд, ки мо бояд тарки таҳсилро аз ҷониби мактаббачагон дар Тоҷикистон пешгирӣ намоем. Нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то синни 19-сола ташкил мекунанд. Онҳо бояд таълими хуб гирифта шаҳрванди фаъол бошанд ва дар рушди иқтисодии кишварашон саҳми хешро гузоранд».
Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи Вазорати маориф дараҷаи баландтарини тарки мактабро дар синфҳои нӯҳ ва даҳ нишон медиҳад. Тарки мактаб аз ҷониби шогирдон бо сабабҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рух дода ба зиёд шудани шумораи ҷавонони камсавод ва ғайри қобилияти корӣ оварда мерасонад.
Барнома он кӯдаконеро, ки зимни хавфи бештари тарки таҳсил қарор доранд муайян намуда, бо маъмурияти мактабҳо, муаллимон, шогирдон, падару модарон ва ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, то ки тадбирҳои дар мактаб нигоҳ доштани кӯдаконро муайян карда, амалӣ ва арзёбӣ намояд. USAID бо Вазорати маориф дар тамоми муддати татбиқи ин барнома дар таҳия, иҷроиш ва муайянсозии самаранокии моделҳо барои пешгирии тарки таҳсил дар байни мактаббачагон дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ менамояд.
Барномаи Озмоишии USAID оид ба пешгирии тарки мактаб яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасонии мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ барои дастгирии мардуми Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико барои барномаҳое, ки муассисаҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро кӯмак мекунанд, тақрибан 900 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
Пас ин Конуни -Вазифа ва Ухдадории Падар ва Модар –ро барои хамин баровардаанд то ки ин 900 миллион доллари Амрикоӣ ки ба Точик…н додашудааст .
Чавоб гуянд ки ха манна хаммаи масалахо хал шужаанд Талабахо ба мактаб сад фоиз омадаистодаанд тарк намекунанд дарсхоро !
Ана гап дар кучо аст !
RSS Обуна