ДАР ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАШМАҚОМ
Имрӯз, 11-уми май, дар чаҳорчӯбаи фестивал-симпозиуми байналмилалии Шашмақом дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷаласаҳои симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар оғоз вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ширкаткунадагони чорабинии мазкурро хайра мақдам гуфта дар хусуси рушду нумӯи ин навъи мусиқӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ суханронӣ кард.
Сипас Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ дар мавзӯи «Мактаби классикии Шашмақоми тоҷик: ташаккул ва рушд» ва Аслиддин Низомов , доктори илмҳои санъатшиносӣ дар мавзӯи «Тасаввуф ва Шашмақом» маърӯзаҳои пурмазмуне карданд. Ангелина Юнг, доктори илмҳои санъатшиносӣ аз Олмон дар бораи китоби ба тозагӣ дар Олмон ба нашррасидаи «Осори Шашмақом» суханҳои ҷолибе гуфт.
Симпозиум ба кори худ фардо идома хоҳад дод. Қарор аст дар ин рӯз олимони мусиқашинос аз Русия, Ӯзбекистон, Ҳолланду Лаҳистон дар бораи Шашмақом фикру андешаҳои хешро иброз намоянд.
Дирӯз дар расми кушодашавии фестивал-симпозиум, ки дар толори театри давлатӣ академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ баргузор гардид, ҳунармандони мусиқӣ аз кишварҳои Афғонистон, Арманистон, Хитой ва Тоҷикистон барои ҳозирин консерти муштарак доданд. Ба сабабҳои номаълум дар ин фестивал-симпозиум ҳунармандони Эрон ширкат надоранд.
Имрӯз Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонон дар толори хонаи Радио консерт доир намуд. Дар назар аст, ки ҳунармандони Ҷумҳурии Арманистон дар донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳунармандони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ансамбли «Нури Хуҷанд» дар шаҳри Турсунзода консерти муштарак доир намояд. Маросими ппшидашавии фистевал симпозиуми «Шашмақом» фардо баргузор хоҳад гардид.
«Рӯзгор»