18:38:44 01-уми Июли 2025 сол

САФАРИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ҶАНОБИ ТРЕВОР МУР БА ТАВИЛДАРА

Чуноне ки аз дафтари матбуотии сафорати Бритониё ба мо хабар доданд, сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур рӯзи 5 май ҳамроҳи кормандони сафорат аз ноҳияи Тавилдара дидан намуданд.

trevor-mur_255112.jpgҲангоми ташриф сафир бо раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов вохӯрӣ намуд.  Ҳимматшо  Ғайратов ба сафир дар бораи дастовардҳо ва мушкилоти ноҳияи Тавилдара мухтасар маълумот дод. Раиси ноҳия сафирро хайра мақдам гуфта, омодагии хешро баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо сафорат изҳор намуд.  Аз ҷониби хеш сафир қайд намуд, ки дар ин самт имкониятҳои хуб мавҷуд ҳастанд.

Худи ҳамон рӯз, сафир Тревор Мур ба мактаб-интернатии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Тавилдара ташриф оварда, дар чорабинии бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Азал” омода гардида буд, иштирок намуд. Маърака дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани мутобиқшавии маҳал ба тағйирёбии иқлим”, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ  гардидааст, ташкил карда шуда буд ва он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Тавилдара ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ба хонандагон оид ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим филми “Ҳоҷат ба баён нест” (No comments) ва филми  “Инро бояд ҳар кас донад” намоиш дода шуд. 

“Ман бисёр хурсандам, ки дар ин кори ниҳоят муҳим, баланд бардоштани огоҳӣ нисбати зарурияти масъул будани мо барои  ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим-яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳон ширкат дорам”-, изҳор намуд Сафир. 

 Вай дар конкурсҳо бахшида ба мавзӯи муҳофизати муҳити зист- “кашонидани об”, “халтаи экологӣ ва “шиори беҳтарин” бо иштироки хонадагони мактаби мазкур низ ширкат намуд.

Сафири Британияи Кабир ҳамчунин дар маъракаи ниҳолшинонии ҷавонон  низ иштирок кард.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ