12:18:41 01-уми Июни 2025 сол

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАШМАҚОМХОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН БА КОР ШУРӮЪ МЕКУНАД

Имрӯз, 10-уми май, бо ибтикори вазорати фарҳанг, кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ инчунин Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди шашмақомхони маъруфи кишвар Фазлиддин Шаҳобов ва 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар кишвар фестивал -симпозиуми байналмилалии шашмақомхонӣ оғоз ба кор мекунад.

shahmakom2662623.jpgДар ин фестивал-симпозиум ҳунармандони ин ҳунари мусиқӣ аз Арманистон, Афғонистон, Эрон, Хитой ва кишвари мизбон Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Мусиқашиносон аз кишварҳои ИМА, Ҳоланд, Олмон ва Ӯзбекистон низ ба ин фестивал даъват шудаанд.

Расми кушодашавии он бегоҳии имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ ҳунармандони кишварҳои ширкаткунанда дар симпозиум дар марказияи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Турсунзода ва шаҳри Қӯрғонтеппа консертҳо намоиш хоҳанд дод.

Рӯзи 12-ум консерти якҷояи иштирокчиёни фестивал дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо хоҳад шуд. Фестивал-симпозиум то 13-уми май идома хоҳад кард.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854