05:12:19 01-уми Июни 2025 сол

ГЕЛОНӢ ҲАМДАСТИИ ПОКИСТОН БО БИН ЛОДИНРО РАД КАРД

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон мегӯяд, қатли Усома Бин Лодин дар қаламрави кишвараш, нишондиҳандаи ноӯҳдабароии мақомот ва ё ҳамдастии онҳо бо Бин Лодин нест.

geloni_122122.jpgӮ зимни суханронӣ дар порлумон иддаъоҳо дар ин заминаро рад кард ва гуфт: “Дурӯягист, агар ҳар касе, Покистон ва ниҳодҳои давлатии кишвар, аз ҷумла Хадамоти ҷосусии Покистон ва қуваҳҳои мусаллаҳи онро ба ҳамдастӣ бо Ал-Қоида муттаҳам кунад.“

Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, Покистон ба артиш ва хадамоти ҷосусии кишвараш эътимоди комил дорад, вале афзуд, дастур додааст, то масъалаи бехабарии маъмурони амниятӣ аз ҳузури Бин Лодин дар шаҳри Аббутобод таҳқиқ кунанд.

Рӯзе пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, зоҳиран Усома бин Лодин дар дохили Покистон аз ҳимояти як навъ шабакае бархудор будааст, вале мустақиман ҳукумати Покистонро муттаҳам накард. Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи терористии Ал-Қоидаро рӯзи дуввуми май дар шаҳри Аббатободи Покистон куштанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854