04:51:44 01-уми Июни 2025 сол

БУЗУРГДОШТИ 66-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи нӯҳуми май дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе маросими бузургдошти 66-умин солгарди пирӯзӣ бар фошисм дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ё "Рӯзи Ғалаба" баргузор шуд. Дар инҷо аз ҷумла маросими гулгузории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба назди "оташи ҷовидон" анҷом гирифт.

rahman_victory_21222.jpg

Бориши борони шадид барои ширкати кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм дар маросими таҷлил аз Рӯзи Ғалаба монеъ нашуд ва ҳудуди сӣ нафар аз онҳо дар ин маросим ҳузур доштанд. Дар ин ҷашн дар сафи кӯҳнасарбозони ҷанги ҷаҳонӣ, "медолдорони" ҷанги Афғонистон низ буданд.

Оқои Раҳмон пас аз маросими гулгузорӣ дар назди "оташи ҷовидон" якояки кӯҳнасарбозонро табрик гуфт ва аз ҷумла таъкид кард, ки "давлат якояки Шуморо ба ёд дорад ва муроқибат хоҳад кард".

Оқои Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо кӯҳнасарбозон гуфт: "Давлати Тоҷикистон доимо аз аҳволи ветеранҳо хабар мегирад ва ғамхорӣ мекунад. Мо доимо пурсон мешавем, супориш медиҳем, ғамхорӣ мекунем. Натанҳо дар Рӯзи Ғалаба, балки ҳама вақт, ҳамеша, то вақте ҳастем, то вақте ҳастем."

Аксари кӯҳнасарбозон, ки дар маросими таҷлил аз 66-умин Рӯзи Ғалаба дар Душанбе ширкат карданд, аз давлат барои "ғамхорӣ" ибрози сипос мекарданд. Ба гуфтаи худи кӯҳнасарбозон раёсати ҷумҳурӣ ва шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалабаи имсол, ҳар кадоме ба онҳо 500 сомонӣ кумакпулии якдафъаӣ пардохт кардаанд.

Нафақаи моҳонаи кӯҳнасарбозон дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 600 сомонӣ ё муъодили 130 дулори омрикоист. Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди боқимондаи кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ҳудуди 2650 нафар буда ва теъдоди коргарони ақибгоҳи ин ҷанг беш аз 2500 нафар аст.

Беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ дар набардҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ширкат карда ва занон, куҳансолон ва кӯдакон дар ақибгоҳ ба хотири пирӯзӣ заҳмат кашидаанд. Гуфта мешавад 92 ҳазор тан аз атбоъи Тоҷикистон дар ин набардҳо кушта шудаанд.

Ҳамчунин, беш аз 50 ҳазор тан аз намояндагони Тоҷикистон нишону медолҳои ҷангӣ гирифта ва 54 нафар бо нишони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” қадрдонӣ шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854