05:05:02 01-уми Июни 2025 сол

СУХАНРОНИИ МУҲИМИ НАХУСТВАЗИРИ ПОКИСТОН

Қарор аст, имрӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон дар нахустин бор дар робита ба амалиёти маҳви Усома Бен Лодан аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави кишвараш суханронии вижа кунад.

pakistan3256216.jpgРӯзе пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, зоҳиран шабакае дар дохили Покистон аз Усома бен Лоданро ҳимоят мекардааст: "Ба андешаи мо, онҷо дар дохили Покистон шабакае аз Бен Лодан ҳимоят мекард. Аммо мо намедонем, он чӣ гуна шабака ва аз кӣ буд. Мо намедонем, шояд онҷо баъзе аз афроди дохили ҳукумат буданд ва ё берун аз он. Мо бояд ин масъаларо таҳқиқ кунем ва муҳимтар он аст, ки ҳукумати Покистон дар ин бора таҳқиқ кунад."

Барак Обама, дар мусоҳиба бо телевизиони Си Би Эси Амрико гуфт, зимни қабули қарор дар мавриди анҷоми амалиёти маҳви Бен Лодан, бештар аз талаф шудани ҷони сарбозони амрикоӣ ва анҷоми амалиёт дар қаламрави Покистони мустақил ба изтироб афтода буд.

Усома Бен Лодан, раҳбари шабакаи терористии Ал-Қоидаро рӯзи дуввуми май дар шаҳри Аббатободи Покистон куштанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854